Перейти к содержимому
← Ко всем историям

Як рӯзи пур аз меҳр, умед ва орзуҳои зебо

Яккасарой, Душанбеавгуст 2026 г.
DSCF0616 resized

ТҶХ «Рушди диёр» дар ҳамбастагӣ бо ТҶХ «Тавҳид» ҷашни «Дониш — калиди ояндаи дурахшон!»-ро барои 150 нафар мактаббачагон дар Яккасарой баргузор намуд.

ТҶХ «Рушди диёр» дар ҳамбастагӣ бо ТҶХ «Тавҳид» рӯзи 31 августи соли ҷорӣ ҷашни «ДОНИШ — КАЛИДИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН!» бо паёми «ҲАР КӮДАК — ЯК ОРЗУ ВА ЯК ОЯНДА АСТ!» дар фазои гарму идона барои 150 нафар мактаббачагон дар сатҳи баланду хотирмон таҷлил намуд.

Чорабинии маърифатию фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Дониш дар ҳамкорӣ ва дастгирии Маркази савдои «Бум Бум Бейби» ва тарабхонаи «Яккасарой» баргузор гардид.

Барномаи ҷолиби фарҳангиву маърифатӣ, бозиҳо, мусиқиву рақсу шодӣ, туҳфаҳо ва лаҳзаҳои хотирмон ин рӯзро барои кӯдакон ба як ҷашни воқеан зебо табдил дод.

Ҳар табассум, ҳар лаҳзаи хуш ва ҳар орзуи зебои кӯдакон барои мо беҳтарин натиҷаи ин ташаббус аст!

Хайрия танҳо туҳфа додан нест — хайрияи воқеӣ додани меҳр, эҳтиром, умед ва боварӣ ба оянда аст!

Бигзор ин рӯзи зебо дар хотири ҳар як кӯдак ҳамчун рӯзи меҳрубонӣ, шодӣ, орзуҳои нек ва умед ба фардои дурахшон боқӣ монад!

DSCF0206 resized
DSCF0216 resized
DSCF0290 resized
DSCF0300 resized
DSCF0575 resized
DSCF0588 resized
DSCF0695 resized
DSCF0706 resized
DSCF0727 resized
DSCF0738 resized
DSCF0804 resized
DSCF0845 resized
Нужна помощь?